ҲНИТ барои иштирок дар интихоботи парлумонии 2015 камар баст
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) омодасозии аъзо ва масъулини бахшҳои худро барои иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2015 оғоз кардааст.
Тавре торнамои расмии ҲНИТ хабар медиҳад, ин давраи омӯзишӣ рӯзи 22 май дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин давра ба пайравон ва масъулини бахшҳои ҳизб назокатҳои интихобот аз лиҳози қонунҳои ҷории кишвар, аҳамияти интихобот дар ҳаёти сиёсӣ, ҳаққу ҳуқуқи нозиру аъзои участкаҳои интихоботӣ омузонида мешавад.
Дафтари матбуоти ҲНИТ мегӯяд, дар ифтитоҳияи ин давра Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизб иштирок карда, ба наҳзатиҳо ва раҳбаронашон дар навоҳи тобеи марказ дар бораи нозукиҳои интихобот, талаботи қонунҳои кишвар ва дигар паҳлӯҳои ин масъалаи муҳими сиёсӣ дарс гуфтааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.