Боз як довталаби курсии президентӣ номзадияшро бозпас гирифт
Василий Тсушко, номзад ба мақоми президентии Украина аз идомаи сабқат даст кашидааст. Дар ин бора сомонаи расмии ӯ хабар медиҳад.
Дар муроҷиати телевизон ва радиоии худ рӯзи 22 май Тсушко гуфтааст, “ман номзадиямро мегирам, аммо тибқи қонунгузорӣ исмам дар варақаҳо ҳаст. Аз ҷонибдоронам, ки рӯзи 25 май ба ман овоз доданӣ буданд, даъват мекунам, ба ман раъй надиҳанд”.
Тсушко аз соли 2002 ба ин сӯ аъзои раҳбарикунандаи Ҳизби сотсиалистии Украина аст. Солҳои 2010-2011 раҳбарии ин ҳизбро бар уҳда дошт. Аз декабри 2006 то ноябри 2007 дар курсии вазири умури дохилӣ нишаст ва аз март то декабри 2010 вазири иқтисод буд.
Қаблан Комиссияи интихоботии Украина номзадии Наталия Королева ва Олег Тсаревро дар асоси аризаҳои онҳо аз феҳрасти номзадҳо берун кард.