Дарду хашми Эмомалӣ Раҳмон аз фавти афроди бегуноҳ дар ҳамлаи интиҳорӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ дар Урумчӣ унвонии раҳбари ҷумҳурии мардумии Чин -- Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол кардааст.
Дар ин нома аз ҷумла омадааст: “Ҷаноби муҳтарам, дар Тоҷикистон хабари ҳамлаи террористӣ дар яке аз бозорҳои шаҳри Урумчиро, ки сабаби марги даҳҳо нафари бегуноҳ ва маҷруҳ шудани теъдоди зиёди одамони осоишта гардид, бо дарду хашм қабул карда, онро маҳкум намуданд”.
Дар идома гуфта мешавад, ки ин амали ваҳшиёна бори дигар зарурати муттаҳиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва муҳайё сохтани шароит барои монеагузорӣ ҷиҳати зуҳур ва паҳншавии онро собит мекунад.
“Чин дар симои Тоҷикистон ҳамеша шарики қобили эътимод ва содиқро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дорад”,-гуфта мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои расида, дар пайи ҳамла дар шаҳри Урумчи, маркази маъмурии ноҳияи мухтори Шинҷони Чин беш аз 30 нафар кушта ва зиёда аз 90 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Хабаргузории “Синхуа” навишта, ду мошин ба ҷое ки теъдоди зиёди одамон қарор доштанд, ҳаракат намуда ва яке мунфаҷир шудааст.