Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, дар маҳфили навбатии Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо”, ки баъд аз зӯҳри 22 май дар Душанбе баргузор шуд, ба қавли худи ӯ “дилашро холӣ кард”. Ӯ дар оғози сӯҳбат дар бораи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта, аз ҷумла баҳманмоҳи хунину ГКЧП, овозаи омадани арманиҳо, тазоҳуроти сокинон, кадрҳои интихобкардааш ва инчунин истеъфояш суҳбат кард.
Оқои Маҳкамов дар ин маҳфил дар пайи пофишории аъзои Шӯрои олии кишвар ба истеъфо рафтанашро ёдоварӣ карда гуфт, “Се рӯз касе баромад накунад, мегӯяд, ба истеъфо равед. Як депутат аз Конибодом, Юсуф Ахмедов, баромад карда ба вакилон гуфт, Шумо чӣ кор мекунед? Ин одам ҳозир равад, ба ҷояш кӣ мешинад? Ягон кадр доред? Аз толор гуфтанд, ягон одам ёфт мешавад. Бинам, аз ҳафтод депутате, ки аз шимоли ҷумҳурӣ дар толор нишастаанду дар миёнашон коммунистҳо ҳам ҳастанд, ягон кас намегӯяд, ки ба истеъфо наравед.”
Дар ҳоле ки ба гуфтаи Қаҳҳор Маҳкамов, он вақт ӯ 59 сол дошт ва аз вакилон хоста буд, то барояш як сол имконият бидиҳанд, ки фазову шароитро барои баргузории интихоботи президентӣ омада ва сипас мувофиқи Қонуни асосӣ курсиро ба нафари дигар вогузорад. “Вақте коммунистҳо, коргарони худамон баромада гуфтанд, ки Қаҳҳор Маҳкамович, Шумо равед, фикр кардам, бо ҳаминҳо кор мекунам? Ҳамроҳи ҳамин депутатҳо? Депутатҳое, ки дар сар фикри ояндаи кишварро надоранд. Ҳамааш мехоҳад ман ба истеъфо раваму ягонтоаш президент шавад. Папкарро гирифтаму гуфтам, лекин Шумо ягон рӯз аз ин кори кардаи худ пушаймон хоҳед шуд. Пеш аз толор баромадан гуфтам, ки аз ҳамин рӯз сар карда, ман ба ягон кори сиёсӣ ҳамроҳ намешавам. То ҳамин рӯз ба ҳамин қавлам истодам. Аз сиёсат дида, бадтарину чиркинтарин кор нест. Бубахшед, ки диламро ба Шумо холӣ кардам.”
Дар посух ба суоли он ки чаро ҳоло истеъфо дар Тоҷикистон маъмул нест, Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, “ҷавобашро аз раисиҷумҳури кунунӣ пурсед”.
Дар гуфтугӯ бо Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи маҳалгароӣ низ сухан рафт ва ӯ гуфт: “Вақте ман нахустин котиби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шудам, якум кадри интихоб кардаам, Изатулло Ҳаёев буд, аз вилояти Кӯлоб. Дар вазифаҳои баланд буданд. Аъзои бюро буданд, интихоб кардем. Дигар ҳеч номзаде масъала намебардошт, ки ин Помир ё Кӯлоб аст. Лекин маро маҳалгаро мегуфтанд. Ман 14-сола будам, вақте аз зодгоҳи худ рафтам, намедонистам, ки кӣ ҳаст ё не.”
Оқои Маҳкамов дар ин сӯҳбати худ дар бораи мансаб надодан ба бародаронаш низ каме сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, “мо 6 бародар будем. Ман аз ҳама калонӣ будам. Аксари онҳо вақти кори ман хафа буданд. Барои чӣ? Ҳар яке аз онҳоро ҳамон дӯстони дар нохунакашон ҳаракат мекарданд, ки як кори баланд бардорем. Ба ман хабар мерасид. Ман занг мезадам ва мегуфтам, хап дар ҷойи худ кор карда нишинанд. Ҳоло Шумо ягон кори баландро аз уҳдааш намебароед. То ҳамон вақте ман инҷо ҳастам, ягонтои Шумо ба кори баланд намеравед, инро дониста монед. Намебароед.”
Раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон дар идома дар робита ба масъалаи бунёди Роғун низ сӯҳбат карда, аз ҷумла афзуд: “Роғун ояндаи ҷумҳурии мо буд. Тарҳи сохтмони Роғунро даҳ сол тайёр карда будем. 47 институти давлати Шӯравӣ дар омода кардани тарҳ иштирок дошт. Ин ҷо омада, ҷои ГЭС-ро диданд. Оқибат баъд аз даҳ сол тарҳ омода шуд. Ҳозир мегӯянд, тагаш намак буду чизи дигар. Масъалаи намакро ҳал карда буданд дар ҳамон тарҳ. Ягон масъалаи ҳалношуда боқӣ намондааст дар ин замина. Совети вазирон ҳамин тарҳро тасдиқ кард. Соли 1980 сметаи Роғун ҳамроҳи шаҳрчааш 1 миллиарду 347 миллион сӯми Советӣ буд. Нархи якуми январи соли 1980. Баъд оҳиста-оҳиста корро сар карданд. Се-чор соли аввал барои ташкили ҷои кори сохтмончиҳо буд. Кор то соли 1989 хуб рафта истода буд. Соли 1989 маъсала пайдо шуд, ки директори сохтмон ба назди ман омада гуфт, моро кор кардан намемонанд. Ба он ҷо рафта, бо мардум сӯҳбат кардем. Як моҳ нагузашта боз сар шуд. Бори дувум ба он тараф нарафта, гуфтам, дар телевизион ҷамъ шавем, баромад кунем. Ба гӯшам расид, ки баъзе одамҳо муқобил будаанд. Гуфтам, ҳамаи онҳоро ҷамъ кунед. Баъзе шоиронамон китобхона сохта будаанд ва дар сурати сохтмони Роғун зери об мемондааст. Норозиҳо ин масъаларо мебардоштаанд. Хулласи калом, давоми чор соат дар телевизион гап задем. Охири гап ин шуд, ки платинаро то охираш намебардорему библиотека таҳи об намонад. Ҳаминро ҳам гуфтем. То он вақт Худо подшоҳ гуфтем. Лекин соли 1989-1990 кор кардан намонданд. Сохмтончиёнро сарсон карданд. Агрегати аввал омада буд, дар он ҷо хоб рафтааст.”
Қаҳҳор Маҳкамов дар охири сӯҳбаташ дар ҷавоб ба суоли Раҷаби Мирзо, ки пурсид, “аз чӣ кори кардаи худ пушаймонед?” гуфт, “фикр мекунам, аз ягон кори кардаам пушаймон нестам. Лекин корҳои саркардаамро натавонистам ба охир бирасонам. Ин нерӯгоҳи Роғуну туннели тарафи шимол. Туннели Анзоб, ки имрӯз гузаштанаш мушкил аст, дар давраи Шӯравӣ сар шуда буд. 700 метр аз ин тарафу 600 метр аз он тараф гузашта буд. Афсӯс, ки ҳамон корро дар вақташ ба анҷом расонда натавонистам”.
Дар гуфтугӯ бо президенти нахустини Тоҷикистон теъдоди зиёди хабарнигорону сиёсатшиносоон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ омада буданд ва ин бори аввал аст, ки Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки ба ӯ ва фаъолияташ иртиботи мустақим доранд, суҳбат мекунад. То ин дам оқои Маҳкамов қисман дар бораи ин ё он масъалаи марбут ба ҳаводиси солҳои навадум бо хабарнигорон суҳбат карда, аммо ҳамеша аз тафсилот худдорӣ кардааст. Ҳатто ӯ чанде пештар гуфта буд, қасд надорад дар ин бора китоби хотираҳои худро бинависад.
Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Баъд аз ӯ курсии президентӣ ба Раҳмон Набиев насиб кард, вале ӯ ҳам дер напоид. Севумин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, 22 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад.