Манбаъ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, қурбоншудагон Мирзомаҳмуд Маҳмудови 50 -сола, Ҷӯрабек Мирзоеви 41-сола, Тӯйчибек Абдураҳмонови 22- сола, Амриддин Шонуриддинови 45- сола, Аҳмадбек Худойдодови 45-сола истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ва Наврӯз Зуҳурови 36-сола, сокини деҳаи «Морак»-и ноҳияи Тавилдара мебошанд. Зариф Халифаев, сокини ноҳияи Рудакӣ, Ҳабибулло Мусоев, Мирзоюсуф Шарипов ва Абдулваҳҳоб Ибодов, истиқоматкунандагони Душанбе айни ҳол дар беморхонаанд. Тафтишоти қазия шурӯъ шуда, паҳлуҳои он шарҳ дода намешавад.