Семинар машғулиятҳои назариявию амалӣ бо истифода аз барномаи AdePT ва масъалаҳои таҳлили камбизоатӣ, нобаробарии даромадҳо ва самаранокии барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии омор иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмиллалӣ (DFID) ташкил шуда, дар он 16 нафар мутахассисон аз вазорату идораҳо, аз қабили агентии омор, вазороти рушди иқтисод ва савдо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд. Машғулиятҳои назариявию амалиро мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ- Михаил Локшин ва Зураб Саҷая гузарониданд. Барномаи AdePT дар идораи тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ таҳия шудааст ва имкон медиҳад, ки бо сарфаи вақти кам, маҷмӯи натиҷаҳои аналитикӣ – ҷадвалҳо ва графикҳо барои таҳлил дар соҳаҳои гуногуни тадқиқотҳои иқтисодӣ таҳия карда шавад.{jathumbnail off}