Муҷозоти футболбозони тоҷик барои "бадахлоқӣ"
Мирзобек Мирзоев ва Баҳодур Шарипов, бозигарони тими “Хайр”-и Ваҳдат аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум шудаанд.
Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ду нафарро барои “барқасдона ба пои ҳариф бо пой задан” дар дидор бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа чунин ҷазо дода, бар илова ҳар кадомро 1000 сомонӣ ҷарима бастааст.
Ҳамчунин, кумитаи мазкур барои бадахлоқӣ чанд нафари дигарро ҷазо додааст. Аз ҷумла Улуғбек Абдулхайров, бозигари “Вахш” аз 2 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима гардид. Орзу Додхудоев, футболбози “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва Абдурасул Абдураҳмонов, бозигари “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои “рақибро бадқасдона бо пой задан” ҳар кадом аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ҷамолиддин Зардиев, бозигари “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва Бахтиёр Чориев, бозигари “Энергетик”-и Душанберо аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва 200 сомонӣ (ҳар кадом) ҷарима кардаанд.
Муҳаммад Абдураҳмонов, бозигари “Ҳосилот”-и Фархор барои таҳқири сардовар аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима гардид.
Хуршед Дадобоев, ки дар дидори “Хайр” ва “Вахш” сардовар буд, ҳамроҳ бо ёваронаш -- Ҳайбулло Нарзуллоев ва Рустам Хоҷаев барои он ки ба бозигарон ҷиҳати пешгирии бадахлоқӣ чораҳои зарурӣ надидаанд, ҳамчунин, рупӯш кардани ҳодисаи рухдода ва дар протоколи бозӣ қайд накардани он аз ҳаққи хидмат дар бозиҳои дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳрум шуданд.