Раис дар бораи тирпаронӣ ва сафари Шералӣ Хайруллоев ба Хоруғ
Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, субҳи 22 май бо Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон телефонӣ сӯҳбат карда, дар бораи вазъи шаҳри Хоруғ иттилоъ додааст.
ТИРПАРОНИИ 21 МАЙ
ШАРҲИ ВКД
ҶАЛАСАИ ИЗТИРОРӢ
Ӯ афзуд, ҳоло бо дастури раисиҷумҳур ба таҳқиқи холисонаи тирпаронии 21 май дар маркази шаҳри Хоруғ пардохтаанд, ки мунҷар (сабаби) ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани чанд тани дигар гардид. “Раисиҷумҳур супориш доданд, ки ҳодиса таҳқиқ, вазъият муътадил ва таҳти назорат гирифта шавад”,-афзуд Шодихон Ҷамшед.
Раиси вилояти Бадахшон илова кард, феълан барои таҳқиқи ҳодиса як ҳайати кумисюни ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Шералӣ Хайруллоев, мушовири амниятии президент ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ташкил шуда, онҳо дар роҳ ба Хоруғ қарор доранд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон низ аз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шодихон Ҷамшед хабар дода, афзудааст, раисиҷумҳур ба таъмини волоияти қонун дар Хоруғ таъкид кардааст.