Соли гузашта – Айпад; имсол – даъват барои нигаҳдории субот
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷавононро бо рӯзи идашон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад, табрик гуфта, бори дигар ба онҳо ҳифзу нигаҳдории сулҳу субот дар кишварро таъкид кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин сулҳу суботи кишвар ба осонӣ ба даст наомадаасту вазифаи имрӯзаи ҷавонони тоҷик пос доштани он мебошад.
“Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад”,-таъкид шудааст, дар паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон диққати ҷавононро ба ғамхорӣ ва шароитҳои фароҳамовардаи ҳукумат барои онҳо ҷалб карда, эшонро барои хидмати зозандаву софдилона даъват кардааст: “Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.”
Рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон шуда, ҳамасола аз он ҷашн гирифта мешавад. Соли гузашта ин ҷашн дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон рост омада буд ва раисиҷумҳури кишвар бо онҳо мулоқот карда, барояшон якдонаӣ Айпад тақдим кард.