Дарёфти ҷасади Мадинаи гумшуда дар Душанбе
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Мадина Саидқосимова, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, ки 30 апрели соли ҷорӣ беному нишон гашта буд, пайдо гардидааст.
Ориф Нозимов, сардори маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба “Озодагон” гуфт, шаби 21 май соати 20:20 дақиқа хабар расид, ки ҷасади Мадина дар дохили ҳоҷатхона пайдо гардидааст: “Бо гирифтани маълумоти фаврӣ дастаи зудамали наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади Мадинаро аз даруни ҳоҷатхонаи хонаашон бароварда, ба мақомоти дахлдори ноҳияи Исмоили Сомонӣ супориданд.”
Қаблан Мадина Саидқосимова, сокини маҳаллаи “Нагорний” дар шаҳри Душанбе бедарак гардида буд ва ҳамаи наздикону пайвандонаш дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор ба кофтуковаш машғул буданд. Ӯ оиладор ва як духтарчаи яксола доштааст.