Раҳмон дар ҷаласаи изтирорӣ хост, гунаҳкорони тирпаронии Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди бозгашташ аз сафари Чин, субҳи 22 майи соли ҷорӣ, бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ баргузор кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар ин машварат “таҳти назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият” баррасӣ шудааст.
ТИРПАРОНИИ 21 МАЙ
ШАРҲИ ВКД
Ҷаласаи изтирорӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баъд аз як рӯзи тирпаронӣ дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, сурат гирифт, ки боиси фавти ду нафар ва маҷруҳ шудани чанд тани дигар гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин ҳодиса “дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ сурат гирифтааст”.
“Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд (додгоҳ), прокуратура (додситонӣ) ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд”,-афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас додааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло бо дастури раисиҷумҳур ёрдамчии калонаш дар робита ба масъалаҳои амнияти миллӣ -- Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода, ба шаҳри Хоруғ рафтааст.