Белорус содироти дорувор ба Туркманистонро афзоиш доданист
Белорусия тасмим дорад, интиқоли маводи дорувор ба Туркманистонро бештар кунад.
Василий Жарко, вазири тандурустии Белорусия гуфта, ки дар мулоқот бо ҳамтои туркманаш масоили бештар намудани содироти маводи доруворро ба баррасӣ гирифтаанд. “Дар мавриди таъсиси корхонаи муштараки дорусозӣ дар Туркманистон ҳам суҳбат шуд”,-илова кардааст ӯ.
Вай афзуда, ки аз Туркманистон дар мактабҳои олии бахши тиби Белорусия донишҷӯёни зиёде таҳсил мекунанд.