Саноат Раҳимова -- “Маликаи соли 2014”-и Хуҷанд
Саноат Раҳимова, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, барандаи озмуни “Малика-2014” дар маркази устони Суғд шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд хабар доданд, барандаи озмуни “Малика- 2014” бо тӯҳфаҳои махсуси ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва роҳхат ба осоишгоҳи “Баҳористон” қадрдонӣ шудааст. Мақоми дуюм ва сеюми “Малика-2014”-ро Нилуфар Юсуфова, донишҷӯи факултаи математика ва Фарангис Муҳиддинова, донишҷуи факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибӣ кардаанд.
Озмуни “Маликаи сол” ҳамасола дар маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонон барпо шуда, ҳадаф аз он эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебоипарастии ҷавонон мебошад. Дар даври ниҳоии озмуни соли ҷорӣ 6 нафар довталабон иштирок намуда буданд.