АКСУ ВИДЕО: Тирпаронӣ дар Хоруғ, ҳалокати Собиру Мунаввар ва таҷаммӯи сокинон
Дар пайи тирпаронии рӯзи 21 майи соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Хоруғи Бадахшон се нафар ҷароҳат бардошта, аммо ду тани онҳо бо номи Собиру Мунаввардар бемористон ҷон додаанд. Дар ин бора сокинони маҳаллӣ дар тамос бо “Озодагон” иттилоъ дода, гуфтанд, айни ҳол вазъияти Фарайдун -- маҷруҳи дигар вахим арзёбӣ мешавад.
Ба қавли мусоҳибони мо, ин се нафар дар дохили худрав ё мошинаи худ мавриди тирпаронӣ қарор гирифтаанд, вале то кунун маълум нест – барои чӣ. Баъд аз ин, сокинони Хоруғ дар наздикии бинои идораи пулиси маркази Бадахшон гирд омада, шарҳи ин ҳодисаро мехоҳанд ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гӯиё як мошин ҳам ба оташ кашида шудааст.
(Ин видеоро як манбаи Оҷонсии Тоҷнюз фиристодааст)
Як манбаи мо аз Хоруғ ба далели он ки номаш ифшо нашавад гуфт, таҷаммӯи сокинон тақрибан ду соат боз идома дорад ва радду бадалҳо бештар миёни ҷавонон ва маъмурони пулис сурат мегирад. То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Вале Гулоб Мамадаёзов, навбатдори Раёсати умури дохилии Бадахшон, дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодагон" ин ҳодисаро танҳо як нофаҳмӣ донист ва гуфт, "ҳоло вазъият ором аст". Мусоҳиби мо, инчунин, оташ задани бинои Раёсати умури дохилии шаҳри Хоруғ аз сӯи сокинонро рад карда, дар мавриди ҳалокати яке аз маҷруҳон гуфт, "ҳанӯз дақиқ нест".
Вале бар асоси хабарҳои расида, гӯиё афсарони ОМОН мехостаанд, ҷавононеро, ки барои узвият дар гуруҳҳои ба гуфтаи онҳо мафиозӣ шомиланд, боздошт намоянд, ки бо тирпаронӣ анҷом шудааст.
Хоруғ баъд аз амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар тобистони соли 2012 пайваста мавриди таваҷҷуҳ аст. Ин амалиёт ду соли пеш, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.