Талоши БМ барои коҳиши зарари Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон
Бонки миллӣ барои кам кардани таъсири манфии коҳиши иқтисодиёти Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то ба 5,9 фоизи солона боло бардоштааст. Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон ин ниҳод меъёри бозтамвилро 4,8 фоизи солона муқаррар карда буд.
Дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон дар шарҳи қарори боло бардоштани меъёри бозтамвил афзудааст, ки “ин тағйирот бо назардошти коҳишёбии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии тиҷорат, барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ворид карда шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли равон иқтисодиёти Русия ва Қазоқистон, ки аз ҷумлаи шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мебошанд, майли поёнравӣ дорад. Қаблан Бонки Миллӣ вазъи иқтисодиёти ин кишварҳоро аз омилҳои асосии болоравии қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карда буд.