Раисиҷумҳур: “Пеш аз задухӯрди тоҷикону қирғизҳо... арақ тақсим мекунанд”
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар нишасти хабарии Шанхай масъалаи танишҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистонро ба миён гузошта, онро дасти бархе сиёсатмадорон ва ВАО донист.
Ӯ рӯзи 20 май дар ин нишаст гуфт, бархе далоиле вуҷуд дорад, ки қаблан ба сокинони наздимарзӣ нӯшокиҳои спиртӣ тақсим карда мешудааст. Ба гуфтаи Отамбоев, ба ӯ дар ин робита Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон оид ба умури амниятию марзӣ гузориш додааст.
“Маматалиев мегӯяд, ба сокинон нӯшокиҳои спиртӣ тақсим карда шуда, барои азхудкунии силоҳ аз сӯи доираҳои манфиатхоҳ дар манотиқи марзӣ талошҳое низ шудааст”,-афзудааст ӯ. Раисиҷумҳури Қирғизистон илова кардааст, “ин ҳама барномаҳои тарҳрезишуда, фитнаангезӣ ва задухӯрдҳое мебошанд, ки қаблан аз сӯи сиёсатмадорони муайян роҳандозӣ мешаванд.”
Ӯ дар идома аз он ибрози нигаронӣ кардааст, сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири як шишаи арақ манофеи давлатию миллиро нодида гирифта, даст ба чунин корҳое мезананд, ки оқибати нохубро дар пай дорад.
“Бояд дарк кард, ки дар баробари манфиатҳои шахсӣ манофеи давлат низ вуҷуд дорад, вале ҳоло аксарият дуюмиро нодида мегиранд. Албатта ин ҳама натиҷаи бе муҷозот мондани дастандаркорон мебошад. Дар ин бора ВАО низ даст дорад, бисёр вақт хабарҳои зидду нақизро пахш мекунанд, ки гӯиё дар фалон задухурд кушта вуҷуд дорад. Айни ҳодиса дар марз бо Тоҷикистон низ рух додааст, ки мунҷар ба кучаҳо рехтани сокинон низ гардида буд”,- изҳор доштааст Отамбоев.