Филармонияи халқии Нигина Рауфова ва иштироки Бозор Собир (ВИДЕО)
Зуҳри 21 май дар ноҳияи Файзобод расми ифтитоҳи Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова баргузор мешавад.
Файзулло Наҷмиддинов, мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Файзобод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тасмими ба номи Нигина Рауфова гузоштани филармонияи мазкур ҳанӯз замони таъсис гирифта шуд: “Моҳи январ маҷлиси вакилони ноҳияи Файзобод қарор кард, ки он ба номи “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” гузошта шавад”.
Ҷаноби Наҷмиддинов мегӯяд, имрӯз ҳамчунин ба хотири 69-умин солрӯзи Нигина Рауфова маҳфили ёдбуд баргузор мешавад. “Дар ин маҳфил дӯстону наздикон ва ҳамкорони ӯ ширкат хоҳанд кард. Бозор Собир ва Саидқул Билолов ҳам даъват шудаанд”.
Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар рустои Ришгирак (дар Энсиклопедия Шерамон навишта шудааст, аммо хонаводаи Нигина баъди муҳоҷир кардани мардуми қуҳистонишин ба Шерамон кӯч бастанд)-и ноҳияи Файзобод зода шудааст.
Замони дар корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе кор карданаш, ҳунари овозхонияш ошкор мешавад ва ӯро ба дастаи ҳаваскорони санъати корхона шомил мекунанд. Ҳамин гуна, аз оғози солҳои 60-уми қарни гузашта номи Нигина ба шӯҳрат печид ва то охирин лаҳза бари домонашро сар надод. Ӯ таҳсилкардаи мактаби махсуси мусиқӣ набуд, аммо ҳунараш ба авҷи аъло расид. Соли 1971 дар ансанбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1975 то рӯзи марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио буд.
Муваффақияти Нигина дар маҳорати бесобиқаи ӯ зимни иҷрои таронаҳои мардумӣ таъриф мешавад. Аммо сурудҳои хондааш бо забонҳои озарӣ, туркманӣ, русӣ, узбакӣ ва оҳангҳои афғониву эрониву арабӣ ҳам ба дили мухлисон жарф нишаста буд. Нигинаро барои маҳорати баланди овозхонӣ ва чеҳраи асили тоҷик буданаш шомили барномаҳои ҳунарие мекарданд, ки бояд дар хориҷи кишвар сурат мегирифт. Нигина Рауфова Тоҷикистонро то ба Авррупо муаррифӣ кардааст. Аввалин сафари ҳунарияш дар ҳайати дастаи занони рубобнавоз соли 1978 ба Белорусу Молдов буд. Дар соли 1978 бошад ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии “Лола” дар Фаронса ҳунарнамоӣ кард.
Барои хизматҳои барҷастааш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик соли 1977 ба Нигина Рауфова унвони “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” дода шуд. Нигина барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ буд. 22 декабри соли 2010 дар сини 65 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Лучоб паҳлӯи Абдулло Назрӣ, Убайди Раҷаб дафн карданд.