ВКД дар бораи “тафтиши фаъолияти Амонулло Ҳукуматулло ва $46 млн.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтани молу амволи Амонулло Ҳукуматулло, собиқ раиси Роҳи оҳани кишвар аз сӯи ин ниҳод ва Оҷонси мубориза бо фасоди молииро такзиб кард.
Ин ниҳод бо пахши изҳороте гуфтааст, аз сӯи Вазорати умури дохилӣ ягон гурӯҳи вежа ё махсуси муфаттишон таъсис дода нашуда ва фаъолияти собиқ раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мавриди тафтишу таҳқиқ қарор нагирифтааст. Ин дар ҳолест, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ахиран аз оғози тафтишот алайҳи Амонулло Ҳукуматулло аз сӯи як гуруҳи махсус аз ҳисоби муфаттишони Вазорати умури дохилӣ, Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд.
Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи муътамадаш дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуда буд, “фаъолияти ин гурӯҳ тафтиши маблағи махсусан калони 46 миллион доллар аст, ки аз тарафи Амонулло Ҳукуматулло, собиқ раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар замони фаъолияташ дар ин мақом аз худ карда шудааст.”
Ба гуфтаи ин манбаъ, муфаттишон дар муддати як моҳи ахир 5 бор манзили зисти Амонулло Ҳукуматуллоро, воқеъ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, мавриди кофтукоб қарор додаанд. Аммо ба таъкиди ин манбаъ, худи Амонулло Ҳукуматулло дар манзили зисташ набудааст ва гуфта мешавад, дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад ва ин амр тафтишотро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Амонулло Ҳукуматулло 12 сол дар садри раёсати корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қарор дошта, аввали соли равон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нафақа фиристода шуд. “Озодӣ” теъдоди ширкатҳои марбут ба Амонулло Ҳукуматулло ва наздиконашро ҳудуди 40 адад арзёбӣ кардааст.