Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Афғонистон, Эрон ва хатарҳои нав
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки имрӯз, 21-уми май дар Шанхай ба кори худ оғоз намуд, ба масоили Афғонистон, барномаи ҳастаии Эрон, хатарҳои ҷадид ва имкониятҳои нав барои рушд дахл намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни ин ҳамоиш, ки сарони 11 давлати қитъаи Осиё, роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро гирди ҳам овардааст, аз хатарҳои нав, ки раванди глобализатсия ба бор овардааст, ҳушдор додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба ҳамкории бештар дар самти мубориза бо экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ даъват намуда, таъкид доштааст, “мушкилоте, ки дар як кунҷи Осиё пайдо мешаванд, монанди оина дар қисмати дигар инъикос меёбанд. Ҳамон тавре, ки рушди иқтисодию муътадилияти иҷтимоӣ дар як кишвар барои беҳбуди вазъ дар дигар кишварҳои қитъа мусоидат мекунад.”
Дар мавриди Афғонистон таъкид кардааст, мо набояд халқи азияткашидаи ин кишварро танҳо монем. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар сурати кӯмаки дарозмуддати байналмилалӣ метавон Афғонистони орому озод ва мутараққиро эҳё кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз сатҳи нави ҳамкории Эрон бо МАГАТЭ истиқбол карда, изҳор доштааст, ин роҳи ҳалли тамоми масоили вобаста ба барномаи ҳастаии Эрон мебошад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид дошт, “ин қитъа метавонад ва бояд дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузург амалӣ намояд”. “Тоҷикистон омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.