Қарори ҳизби Зоиров: "Дар интихоботи 2015 иштирок мекунем"
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон омодагии худ барои иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонии соли 2015-ро эълон кард.
Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар пайи ҷаласаи васеи худ ба хулосае омадааст, ки бо вуҷуди ба манфиати Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, поён ёфтани интихоботҳо дар ин корзори пешомада худро бетараф намегирад.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, дар ин бора дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, гуфтааст, “навобаста аз он ки қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, алалхусус ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла ташкил ва амали комиссияҳои интихоботӣ номукаммал мебошад ва ба манфиати танҳо ҲХДТ ва ҳукумати марказию маҳаллии ҷумҳурӣ таҳия шудааст, ҲСДТ дар интихоботи моҳи феврали соли 2015 дар ҳама сатҳҳо фаъолона ширкат менамояд.”
Зоиров мегӯяд, Раёсати олии ҳизбаш дастур гирифтааст, то моҳи августи соли ҷорӣ платформа ва принсипҳои асосии иштироки ҲСДТ дар ин интихоботҳоро таҳия ва ба таваҷҷуҳи Пленуми Шӯрои сиёсии ҳизб пешниҳод намояд.