Задухӯрд миёни муҳоҷирони тоҷику узбак ва боздошти ду нафар
Дар робита ба задухӯрди дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ва як узбакистонӣ боздошт шудааст.
Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, шоми 16 ба 17 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Кировски Санкт-Петербург миёни як гуруҳи тахминан 15-нафарии муҳоҷирони корӣ задухӯрд ба миён омада, дар натиҷа ҷасади Элдор Бутаев, шаҳрванди 18-солаи Узбакистон, дар макони наздик ба ҳодиса пайдо шудааст.
Ҳамзамон шоми 16 ба 17 майи соли ҷорӣ тахминан соатҳои 23:50 ба бемористони рақами 26-и Кировск шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин интиқол дода шудааст. Пулиси шаҳри Санкт-Петербург дар пайи тафтишоти кормандони худ эълом кардааст, ки ин задухӯрд миёни муҳоҷирони кории узбаку тоҷик, ки ҳоло омили аслии он маълум нест, ба миён омадааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қатли Бутаев боздошт шуда, дар робита ба захмӣ шудани муҳоҷири 30-солаи тоҷик шаҳрванди 24-солаи Узбакистон айбдор дониста мешавад, ки қаблан доғи судӣ дошта, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Пулиси Санкт-Петербург аз бурдани ному насаби афроди боздоштгардида худдорӣ намуда, мегӯяд, тафтишоти ин қазия ҳоло ба поён нарасидааст.