Пешниҳоди Абдуқодири Рустам: Оё парлумон ҳиммат мекунад?
Абдуқодири Рустам, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, пешниҳод кардааст, 20 май дар Тоҷикистон “Рӯзи шеър” эълон карда шавад. Оқои Рустам зимни ироаи ин пешниҳод гуфтааст, “20 май зодрӯзи ду шоири бузурги муосири тоҷик - Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ аст ва чун мо зодрӯзи бештари шоирони бузурги гузаштаамонро намедонем, биёед, ин рӯзро Рӯзи шеър эълом намоем.”
Ин донишманди тоҷик изҳори умед кардааст, Иттиҳодияи адибон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунаду парлумони кишвар низ ҳиммат карда, онро ба феҳрасти иду ҷашнҳои ҷумҳурӣ ворид хоҳад намуд. Агар чунин ҳам нашавад, ба гуфтаи Абдуқодири Рустам, мояи нигаронӣ нест. “Мо ҷомеаи маданӣ камари ҳиммат баста, 20 майро ҳамчун Рӯзи шеър қайд мекунем”,-таъкид доштааст ӯ.
Ин пешниҳоди донишманди тоҷик дар лаҳзаҳои аввали нашраш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук алакай ҷонибдорони зиёд пайдо карда, гуфта шудааст, дар ин маврид як номаи дастаҷамъона ба парлумон ирсол гардад.