Вазорати дифоъ мегӯяд, 96,48%-и нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 96,48%-и нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, то рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳорӣ ба 96,48% расида, дар вилояти Хатлон 100,7 дар сад иҷро шудааст. Ба иттилои манбаъ, нақшаи баҳорӣ дар вилояти Бадахшон пура ба иҷро расида, дар вилояти Суғд баробар ба 90,9% мебошад.
Вазорати дифоъ мегӯяд, ин нишондод дар навоҳии тобеи марказ ба 97 дар сад расидаасту комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе то рӯзи 19 май нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи қушунҳои мусаллаҳи кишварро ба 98% расонидаанд.
Гуфта мешавад, интизор мерафт, нақшаи баҳории имсолаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ карда, бар асоси дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон бояд аз роҳҳои қонунӣ кор гирифта мешуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран батакрор барои аз байн бурдани "облава" таъкид карда, ҳатто дар робита ба манъи роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дастур дода ва барои иҷрои ин дастури худ комиссияи даъват ҳам ташкил карда буд.
Вале бо ин ҳол ҳанӯз ҳолатҳои “облава”-и ҷавонон аз сӯи афроди либоси мулкӣ ба бар дошта мушоҳида мешавад. Ахиран Радиои “Озодӣ” аз маъюб шудани ҷавони тоҷик дар пайи облава дар шимоли кишвар хабар дода, гуфта буд, “ташхиси пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд рӯшан кардааст, ду устухони сутунмӯҳраи Хушнуд Исомиддинови 23-сола, ҳини фирор аз «облава» ва уфтодан аз ошёнаи чаҳорум, шикастааст.”