ВКД довталабони тоҷикро ба Донетск ва Одесса мефиристад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон довталабони тоҷикро барои таҳсил дар донишкадаҳои олии Украина даъват кардааст.
Ин ниҳод санаи охири қабули ҳуҷҷатҳоро 22-юми майи соли 2014 эълон карда, афзудааст, ки довталабон аз рӯи ихтисоси «нақлиёти автомобилӣ» ба Донишгоҳи миллии политехникии шаҳри Одесса, ихтисоси «автоматикунонӣ ва технологияҳои компютерӣ-якҷоякунӣ» ба Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Донетск ва «муҳандиси компютерӣ» ба Донишгоҳи миллии техникии шаҳри Херсон ирсол мешаванд.
Вазорати умури дохилӣ дар мавриди шарту шароитҳои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Украина илова намудааст, бояд довталабон забони украинӣ ё русиро хуб донанд ва саломатии хуб дошта бошанд. Ин ниҳод мегӯяд, довталабон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро ба забони украинӣ ё русӣ тарҷума, аз тарафи мақомоти нотариалӣ тасдиқ ва дар сафорати Украина дар Тоҷикистон қонунӣ таҳия кунанд.
Дар қатори ҳуҷҷатҳои зарурӣ пурсишнома, нусхаи шиноснома, аттестат ё маълумотнома оиди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ, маълумотномаи тиббӣ оиди вазъи дурусти саломатӣ, санади суғурта оиди расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, нусхаи ҳуҷҷати таваллуд, 6 дона расми ҳаҷмаш 3х4 ва маълумотномае, ки довталаб ба ҷазои ҷиноятӣ кашида нашудааст, номбар гардидааст.