Украина аз Амрико техникаи ҳарбӣ хостааст
Украина аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико мошинҳои зиреҳпӯш ва техникаи иктишофие хостааст, ки баъд аз хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон ба фурӯш гузошта мешавад.
Леонид Поляков, муовини пешини вазири дифои Украина ба Defense News гуфтааст, ки “кишварҳои алоҳидае бо шумули Амрико” метавонанд ба осонӣ техникаи ҳарбиро ба ихтиёри Украина гузоранд. Ҳоло маълум нест, ки Украина аз ИМА кадом навъи техникаи низомиро хостааст.
Мақомоти Украина мегӯянд, мусаллаҳшавӣ ва техникаи ҳарбӣ барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва муҳофизат аз дахолати ҳарбии Русия ба қаламраваш муҳим аст.