Сурия: Ҷанг ҷони 160 ҳазор нафарро гирифтааст
Тайи се соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия 160 ҳазор нафар кушта шудааст. Дар ин бора NBC бо такя ба маълумоти ҳомиёни ҳуқуқи Маркази мониторинги ҳуқуқи инсон дар Сурия, мақарраш дар Лондон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми ҳисоби теъдоди умумии ҳалокшудаҳо, кушташудаҳо миёни шаҳрвандони мулкӣ, аъзои артиши Сурия, ҷангиёни хориҷӣ ва ошӯбгарон, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, теъдоди бештари қурбониён мардуми осоиштаанд. Дар се соли ахир 54 ҳазор нафар кушта шудааст, ки 8 ҳазори онҳо кӯдаконанд.