Дороиҳои Гулнора Каримова насиби хоҳараш мешавад?
Торнамои Ҳаракатии мардумии Узбакистон навишта, ки амволи Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон тариқи музояда ба фурӯш гузошта мешавад. Як хонандаи ин сайт бо такя ба “манбаъи муътамад”-и худ гуфта, бо эҳтимоли зиёд ин дороиҳо ба дасти хоҳари Гулнора – Лола хоҳад гузашт.
Торнамо навишта, ки дар асоси қарори додгоҳ ҳукумати Узбакистон дар бораи милликунонӣ ва фурӯши амволе, ки қаблан ба Гулнора Каримова таалуқ дошт, тариқи музояда тасмим гирифтааст. Гуфта мешавад, гап танҳо дар бораи чанд моликияти Гулнора дар шаҳри Тошканд меравад. Ин дар ҳоле, ки торнамо аз иттилои чанд вақт пештар дар интернет нашршуда дар бораи амволи духтари калони президент дар “чор гӯшаи олам” аз ҷумла Қрим, Дубай, Маскав, Куала-Лумпур, кишварҳои Аврупо ва Амрико ёдоварӣ кардааст. Арзиши ҳамаи ин моликиятҳо ним миллиард доллар баровард мешавад, ки ба иттилои манбаъ миллӣ карда намешаванд. Ҳамчунин ҳисобҳои бонкии Гулнора дар хориҷи кишвар ҳам ба ҳисоби давлат гирифта нахоҳад шуд.
Манбаи торнамо навишта, ки бо эҳтимоли қавӣ амволи дар музояда ба фурӯшгузошташударо Лола Каримова, хоҳари Гулнора соҳибӣ мекунад.
Бино ба иттилои расонаҳо муносибати Гулнора Каримова бо хоҳараш чандон хуб нест. Ӯ дар чанд навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳарашро зери тозиёнаи танқид гирифта буд.
Гуфта мешавад, Гулнора ҳамроҳ бо духтари 15-солааш Имон ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ қаблан дар як нома ба торнамои Uznews.net навишта буд, “Кумитаи давлатии амнияти миллии Узбакистон тамоми афродеро, ки мехоҳанд, ба ману духтарам кумак кунанду наздикии хонаам, мешаванд, боздошт мекунад.”