Маслиҳати Убайдуллоев барои сабти номи зоирони Хонаи Худо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи кории ахираш масоили марбут ба Ҳаҷу моҳи шарифи Рамазон ва таъмини сокинон бо оби тозаро ба баррасӣ гирифтааст.
Убайдуллоев аз кумисюни шаҳрӣ оид ба созмондиҳии маросими “Ҳаҷ-2014” хостааст, ҳангоми ба руйхатгирии сокинони пойтахт иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шавад. Инчунин, ӯ дастур додааст, то ба шахсони бори аввал ба зиёрати Хонаи Худо сафардошта имтиёз диҳанд.
Шаҳрдори Душанбе дар идома Мирзошариф Шарифзод, додситони нави пойтахтро муаррифӣ карда, ба сарфакорӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ таъкид кардааст. Ӯ ҳамзамон ба масъалаи сифати оби ошомиданӣ, таъмиру бозсозии бинову роҳҳо, ҷамъоварии андоз ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон пардохта, барои бартараф кардани камбудҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас додааст.
Дар охир Убайдуллоев бори дигар аз раҳбарони навоҳии пойтахт ва муовинонаш хостааст, дар баргузории вохӯриҳо бо сокинон, ки бояд то 31 августи соли ҷорӣ идома ёбад, фаъол бошанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)