Баҳси амният ва киберҷинояткорӣ дар мулоқоти Раҳмон бо Мин Чен
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бегоҳи 19-уми май дар мулоқот бо Мин Ҷен Чжу, раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Чин масоили амниятиро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ба омодасозии кадрҳои доир ба мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи иттилоот зоҳир намудаанд.
Ба иттилои манбаъ Мин Ҷен Чжу изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо марзи тӯлониаш бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, аз ин хотир Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки сохторҳои марбутаи ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд”.