Чиниҳо дар Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи нафт мебароянд
Дар ҳошияи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Ван Дун Ҷен, ноиби президенти ширкати миллии нафтии Чин - роҳбари ширкати Чайна Петролиум созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафт ба имзо расидааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми мулоқот аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯҳои геологӣ дар мавзеъҳои ояндадори нафту газ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин изҳори хушӣ карда шудааст: “Тавре зикр гардид, имсол сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, оғоз хоҳад ёфт”,-навиштааст торнамои расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ меафзояд, ҳамкории ин ширкати чинӣ бо ширкатҳои Тотал ва Тетис дар Тоҷикистон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ шудааст: “Бо такя ба натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ, изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ин ширкатҳо дар Тоҷикистон захираҳои фаровони нафту газ пайдо карда мешавад.”
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ворид шудани ширкати миллии нафтии Чин ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)