Истеъфои Шариф Назаров аз мақоми президентӣ
Шариф Назаров, аз номоварони футболи тоҷик, аз мақоми президенти бошгоҳи “Регар-ТадАЗ” истеъфо додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли худи Назаров хабар дода, таъкид кардааст, ки ӯ дар ин симмат тайи панҷ соли охир кор кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Назаров ҳангоми худоҳофизӣ ба роҳбарияти бошгоҳ изҳори миннатдорӣ карда, ба бозигарон муваффақиятҳо орзу кардааст.
Шариф Назаров 23 феврали соли 1946 таваллуд шуда, мураббии хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ходими хизматнишондодаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Ӯ тайи фаъолияташ ба ҳайси мураббии дастаҳои зиёд, аз ҷумла “Помир” ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон кор кардааст.
Дар акс: Шариф Назаров (Аз тарафи рост)