Оғози тафтиши марги Шарипов дар ҳавопаймо
Мақомоти тафтишотии минтақаи Урали Русия аз рӯйи ҳодисаи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар тайёраи хатсайри Душанбе-Челябинск, ки рӯзи 17-уми май сурат гирифтааст, тафтишот оғоз кардааст.
Раёсати тафтишотии Русия бо такя ба иттилои пешакӣ эҳтимоли заҳролудшавии ин муҳоҷири тоҷикро, ки Шокирҷон Шарипов ном дошта, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст, аз эҳтимол дур намедонад. Манбаъ таъкид мекунад, ки феълан сабаби аслию ниҳоии марги муҳоҷири тоҷик маълум нашудааст.
Ба иттилои манбаъ ҷасади Шарипов дар сардхонаи яке аз бемористонҳои шаҳри Челябинск қарор дошта, бар асоси дастури сарраёсати консулии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар Русия ба дунболи омодасозии асноди лозимӣ барои интиқоли ҷасад ба ватан мебошанд.