Номаи хонанда: “Мусибат барои инсони нек саодат будааст”
Чанд рӯз пеш бо як нафар инсони шариф сӯҳбат доштам, ки бароям хеле суханони ҷолиб ва муҳимеро арз дошт. Ӯ як соҳибкори хуб аст, ки дар гузашта аз туҳмати замона бенасиб намонда, вориди зиндон низ гардидааст. Аммо бо хости Худованд сафед шудаву раҳо ёфтааст.
Ин нафар, ки Зайд Саидовро хеле хуб мешиносад, аз мусибати ба сари ӯ омода сахт нороҳат ва андӯҳгин аст.
Ӯ мегӯяд, худ ҳамчун нафаре, ки сарваташро бо хуни дил андӯхта, чунин тақдири бадеро низ аз сар гузарондааст, беш аз ҳар нафари дигаре ҳамдардии амиқеро дар баробари мусибати Зайд эҳсос мекунад.
Ҳоло мутаваҷҷеҳ бошед ба панди бузурге, ки ин марди Худо бароям омӯхт: “Барои инсонҳо дар ин дунё ду Қабристон вуҷуд дорад: яке Қабристони Мурдаҳо ва дигаре барои Зиндаҳо”.
Қабристони Зиндаҳо – ҳамон Зиндон аст. Вақте инсон ба онҷо меафтад, гӯиё ҳаёти пас аз маргашро мебинад. Мисле, ки қиёмат қоим мешавад; он арзиши воқеие, ки ӯ дар озодӣ (зиндагӣ) соҳиб буд, ҳамон барояш насиб мегардад.
Аз ҷумла, ӯ бо чашми худ хоҳад дид, ки дӯстони воқеӣ ва душманонаш киҳо ҳастанд. Ин ҳикматест басо бузург. Зеро ҳеч як давлатмард дар зинда будан ва он ҳам дар сари кор, наметавонад чеҳра (ҷойгоҳ)-и аслии худро дар ин ҷомеаи ноустувор ва фиребанда ҳамчун дар оина шафоф бубинад.
Бо чунин мантиқ метавон гуфт, ки ҳеч кадоме аз давлатмардони мо ҳоло итминони комили ҳифзи обрӯ ва эътиборашонро на танҳо пас аз марг, балки ҳатто пас аз рафтан аз мансаб, надоранд!!!
Маҳз ин воқеият сабаб гардидааст, ки дигарҳоро зери бори мусибат қарор бидиҳанд. Хуллас, ба таъбири ин инсони Шариф, бо зиндонӣ шудан, Худованд ба Зайд имкон додааст, то дар зиндагии худ ҳаёти пас аз маргро таҳаққуқ намояд. Моҳияти аслии зиндагии як инсони комил низ аз он иборат аст, ки пас аз худ номи некеро боқӣ гузорад. Ин воқеиятест, ки фикр мекунам, ҳар фарди огаҳ орзуяш менамояд.
Бо вуҷуди ин ҳама таҳқиру туҳматҳо, акнун Зайд саодати комили инсониро соҳиб гардидааст: ҳанӯз дар зинда будан (!) номи неки ҷовидонаро шарафёб шудааст.
Яъне чунин ба назар мерасад, ки мусибат барои инсони нек ба саодат бадал шудааст…
Ромиш АНВАРӢ,
барои “Озодагон”