Ифтитоҳи фурӯшгоҳи "Истиқлол" аз сӯи писари Абдуфаттоҳи Ғоиб дар Душанбе (АКС)
Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва писари Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Оҷонсӣ мубориза бо фасоди молӣ дар маркази пойтахт нахустин фурӯшгоҳи бошгоҳии маҳсулоти варзиширо ифтитоҳ намудааст.
Ба иттилои Рустам Ҳакимов, котиби матбуотии “Истиқлол”, ин фурӯшгоҳи варзишӣ муштаракан бо ширкати "Joma" боз шуда, дар он тамоми маҳсулоти варзишии босифат ба фурӯш бароварда мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар фурӯшгоҳи мазкур иқдоми гуногун, аз қабили мулоқот бо бозигарони дастаи “Истиқлол” низ гузаронда хоҳад шуд. "Фурӯшгоҳи бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар хиёбони Рӯдакӣ-85 ҷойгир буда, ҳар рӯз аз соати 10-и субҳ то 20:00 кушода мебошад”-афзуд Рустам Ҳакимов.