Умаралӣ Қувватов ва бародари Маҳмадрӯзӣ Искандаров чӣ гуфтанд?
Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, бо Темур Тошев – додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон, мулоқот анҷом додааст. Ин гуфтушунид кай, дар куҷо ва чигуна сурат гирифтааст, рӯшан нест.
Вале оқои Қувватов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯву Темур Тошев бештар дар бораи масоили дохилии кишвар, азҷумла интихоботи гузашта, фишор болои аҳзобу нерӯҳои мухолифин ва ҷанги иттилоотӣ сӯҳбат доштаанд: “Атрофи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ суҳбат кардем. Чунки вазъи шаҳрвандони мо дар Русия беҳтар аз вазъи шаҳрвандони Украина нест. Мақсади мо ҳам расондани ҳамин эътирози худ ба ҷомеа аст”,-афзуд раҳбари “Гурӯҳи 24”.
Умаралӣ Қувватов мегӯяд, Темур Тошев аз зиндонӣ шудани бародари худ нигаронӣ карда, гуфтааст, боздошту зиндонӣ кардани Маҳмадрӯзӣ Искандаров ғайриқонунӣ буд. Вай илова кард, чунин гуфтугӯҳо барои мушаххас кардани мавқеъҳо бо афроди алоҳида ва гуруҳҳо дар хориҷа идома хоҳад ёфт. Бо ин ҳол, ин иттилоъро Темур Тошев тасдиқ ё такзиб накардааст.
Темур Тошев, додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, тақрибан ду соли пеш Тоҷикистонро тарк карда, ба хорҷиа рафта буд. Ӯ аз як кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ карда, то ҳол эълон накардааст, ин санадро дарёфт намудааст, ё на.