Мулоқоти Гулмаҳмадов бо сокинони Восеъ дар Султони Кабир
Навоҳии минтақаи Кӯлоб барои пешвози Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон, омодагӣ мебинанд.
Эмом Эмомов, директори мактаби таҳсилоти умумии № 11-и ноҳияи Восеъ бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ки ба пешвози раис гирду атрофро тоза намуда истодаанд. Ин мудири мактаб таъкид намуд, ки дарсҳо мисли муқарарӣ гузаронида шуда, танҳо 10 нафарӣ талабагони синфҳои 8, 9 ва 10-ро барои шанбегӣ ҷалб намудаанд. Ба гуфтаи Эмом Эмомов, талабагон асосан, кӯчаҳоро тоза намуда, дарахтонро сафед карда, байрақҳо часпонданд.
Интизор меравад, ки Давлатшо Гулмаҳмадов раиси ин вилоят 21 майи соли ҷорӣ дар маркази савдои Султони Кабири шаҳри Восеъ бо намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеъа мулоқот баргузор менамояд.