Ҷойивазкунӣ дар БДА: Насимов ба Душанбе, Тӯрахонов ба Хатлон
Полковник Сироҷиддин Тӯрахонов аз мақоми сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ)-и Душанбе, барканор шуда, сардори ҳамин идора дар вилояти Хатлон таъин гардидааст.
Тавре аз Раёсати умури дохилии Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Тӯрахонов дар ин симмат полковник Акбар Насимовро иваз кардааст. Манбаъ мегӯяд, Акбар Насимов аз роҳбарии БДА-и Хатлон барканор гардида, акнун курсии сардори БДА-и Душанберо соҳиб шуд.
Генерал Сайид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, бо тасдиқи хабар ба “Озодагон” гуфт, ин тағйирот дар доираи ҷойивазкунии навбатии кадрҳо дар мақомоти дохилӣ сурат гирифт. Ба қавли ӯ, Тӯрахонов тӯли паҷн соли охир роҳбарии БДА-и Душанберо ба уҳда доштааст.