Оғози амалиёти махсуси “Кӯкнор-2014”
Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, фардо 20-уми май дар кишвар амалиёти “Кӯкнор-2014” оғоз шуда, то 30-уми ноябр идома хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ дар доираи “Кӯкнор 2014” амалиёти махсуси байналмилалии "Канал" гузаронида шуда, ҳадафаш ташкили ҳамкорӣ барои пешгирии интиқол, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор, ошкор ва нобуд сохтани киштҳои бангдонаҳо ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар ин амалиёт намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Тоҷикистон иштирок намуданд.