Сафари Руҳонӣ ба Пекин ва мулоқоташ бо эрониёни муқими Чин
Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё озими Чин шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Эрон, сафари Руҳонӣ ба Чин рӯзи 19 май оғоз гардида, қарор аст, ӯ дар ин нишаст суханрониеро низ анҷом диҳад. Манбаъ мегӯяд, интизор меравад, Ҳасан руҳонӣ дар ҷараёни ин сафараш ба Чин бо эрониёни муқими ин кишвар, аз ҷумла, тоҷирон, мудирони ширкат ва коркунону намояндагиҳои Эрон мулоқот намояд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба хотири иштирок дар нишасти мазкур рӯзи 16-уми май озими ҷумҳурии Чин шуда буд.
Интизор меравад, дар ҷаласа, ки дар Шанхай дар назар аст, намояндагони 46 давлату созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла роҳбарони Русия, Узбакистон, Туркия, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Муғулистон иштирок мекунанд.