Turajon.org: "Винетка" дуруст нест, агар...
Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми гирифтани аксҳои хотиравӣ бо ҳамсабақон ё худ винеткаро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.
Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “Модоме аксҳо дар хурдсолӣ, яъне дар сини 7 солагӣ гирифта бошанду онҳоро дар винетка чамъоварӣ кунанд, боке надорад.”
Аммо Turajon.org дар шарҳи гуфтаҳояш, овардааст, агар аксҳои винетка баъд аз сини балоғат гирифта шудаанд, пас ҷоиз намебошад. “Зеро сурати духтари бегона агар чӣ бо ҳиҷоб ҳам бошад дар дасти марди бегона буданаш хуб нест,”- таъкид шудааст, дар веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо.
"Винетка" маҷмуаи аксҳоеро гӯянд, ки донишомӯзон ҳангоми хатми макотиби миёна ё олӣ ҳамроҳи ҳамсабақону устодонашон ба хотири ёдоварӣ бо ҳам мегиранд.