Имомуддин Сатторов ба курсии Абдулмаҷид Достиев нишаст
Имомуддин Сатторов, ки то ин дам ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Олмон фаъолият дошт, сафири нави кишвар дар Русия таъин шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати умури хориҷӣ иттилоъ доданд.
Имомуддин Сатторов дар гузашта дар вазифаҳои атташе ва котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар Русия низ кор карда, тобистони соли 2007 ҳамчун сафир ба Олмон рафта буд. Абдулмаҷид Достиев, ҳоло сафири пешини кившар дар Русия, аз мақоми худ барканор ва то кунун мансабе надорад. Бино ба иттилои манобеи мо, эҳтимол ӯ бознишаста шавад.
Достиеви 68-сола зодаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон буда, соли 1974 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1987 мактаби олии ҳизбиро дар Тошканд ба анҷом расондааст. Абдулмаҷид Достиев аз соли 1993-1995 ба ҳайси муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1995-2000 ноиби аввали раҳбари Маҷлиси Олӣ будааст. Вай ҳафт соли охир сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва дар ин муддат борҳо барои бетаваҷҷуҳӣ ба тақдири муҳоҷирон интиқод шунидааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида низ аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Салим Фарҳод таъин гардидааст. То ҳол маълум нест, оқои Шамсов баъд аз бозгашташ ба Душанбе чӣ масъулиятеро ба дӯш хоҳад гирифт.