Хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ба Олмон кӯч бастаанд?
Азиза Рӯзиева, яке аз осебдидагони садамаи шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари собиқ раҳбари ширкати Роҳи оҳан, иттифоқ уфтода буд, мегӯяд, касе барои идомаи муолиҷаашон кумак намекунад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ваъда дода будаанд, дар сурати даст кашидани инҳо аз даъво, тамоми харҷи табобаташонро пардохт мекунанд.
“Рӯзи 18 май ба Суннат, яке аз намояндагони хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло, занг зада хоҳиш кардам, барои муолиҷа ёрӣ расонанд. Зеро ҳангоми забонхат гирифтан ваъда дода буданд, ки тамоми харҷи табобатро ба дӯш мегиранд. Аммо Суннат гуфт, хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло ба Олмон кӯчида рафтаанд ва дигар ба ӯ кумак карда наметавонанд”,-афзуд Азиза Рӯзиева.
Мусоҳиби мо илова кард, “рӯзи 22 май бояд ба бемористон равам. Пойҳоям ҳаракат намекунанд, табобат кардан зарур аст. Моҳи август бояд ҷарроҳӣ кунанд.” Ба қавли Азиза, модари Сурайё, ки дар ин садама ба ҳалокат расида буд, аз даъвояш даст накашида, ба Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон нома фиристодааст.
Садамаи шаби 9 октябри соли 2013, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси собиқи ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, рух додааст. Баъдан мақомоти умури дохилӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонулло Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.