Марги муҳоҷири 26-солаи тоҷик дар дохили ҳавопаймо
Шокирҷон Шарипов, як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия дар дохили ҳавопаймо ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса шоми 18 май дар ҳавопаймои самти Душанбе-Челябинск ба миён омадааст. Шарипов 26 сол дошта, сокини ноҳияи Рудакӣ мебошад.
Ҷасади ӯ ҳоло дар сардхонаи яке аз бемористонҳои шаҳри Челябинск қарор дошта, интизор меравад, ба зудӣ ба ватан интиқол ёбад. То ҳол сабаби аслии марги муҳоҷири тоҷик маълум нашудааст.
Бар асоси дастури сарраёсати консулии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеренбург масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар Русия ба дунболи омодасозии асноди лозимӣ барои интиқоли ҷасад ба ватан мебошанд.