Як сол бе Зайд Саидов. Ё бозгаште, ки бо боздошт анҷом ёфт (АКС)
Аз замони боздошти Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари “Тоҷикистони нав”, як сол гузашт. Оқои Саидов рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт ва дар моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
БОЗДОШТИ ЗАЙД САИДОВ
ВОКУНИШҲО
ҚАЗИЯИ ЗАЙД САИДОВ: АЗ АВВАЛ ТО ОХИР
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ”, “фасод ва ришвасистонӣ” гунаҳкор донист. Бархе аз коршиносон ишора бар он мекунанд, ки ҳукми Зайд Саидов ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба тасмими ӯ дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав рабт дорад.
Аммо Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, аввали соли ҷорӣ дар нишасти хабарие ҳама гуфтугузорҳо дар бораи сиёсию фармоишӣ будани парванда ва ҳукм нисбати Зайд Саидовро беасос хонд. Оқои Абдулхайров баъд аз эълони ҳукми Зайд Саидов ҳалномаи додгоҳро ба вакилони мудофеи ӯ надода, ба онҳо шарт гузошта буд, танҳо дар сурати ошкор нашудани ҷузъиёташ, онро дастрас хоҳад кард.
Бо ин вуҷуд, Зайд Саидов аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, худро бегуноҳ ва ҳукми зиндонашро ноодилона донист. Ҳоло Додгоҳи таҷдиди назар дар хонаи машваратист ва бояд базудӣ хулосаи худро эълон кунад.