Чирикиҳои Либия шоми дирӯз эълом доштанд, ки пойтахти кишварро тасарруф карда, ҳукуматро ба даст гирифтаанд.
Аммо бар пояи навиштаи расонаҳои хабарӣ алъон дар Троблус ва гӯшаву канори он садои тиру таркиши гулӯлаҳо ба гӯш мерасад. Ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ бо мухолифини ҳукумат даргир шуда, муқовимат идома дорад. Дар ҳамин ҳол Сайфулислом, яке аз писарони ҳокими Либия, ки қаблан гуфта мешуд, дар асорати чирикиҳост дар меҳмонхонаи марказии Троблус пайдо гардида, ба журналистон гуфтугӯ кардааст. Ӯ гуфтааст, падараш низ дар амн қарор дорад ва Троблус ба чирикиҳо таслим нашудааст. Ёдрас менамоем, чирикиҳо қаблан гуфта буданд, ки Сайфулислом ва ду бародари дигараш –Муҳаммад ва Саъдро асир гирифтаанд.
Расонаҳои хориҷӣ менависанд, субҳи имрӯз қувваҳои ҳукуматӣ, ки аз сарҳанг Қаззофӣ ҳимоят мекунанд, ба сӯи шаҳри Мисурат, ки феълан дар дасти чирикиҳост се мушаки баллистикӣ партоб кардаанд. Бино ба иттилои расида, ракетаҳо аз зодгоҳи роҳбари Либия- шаҳри Сирт сар дода шудаанд, аммо ба ҳадаф нарасида ба баҳр афтодаанд. НАТО муштаракан бо чирикиҳои Либия тасмим дорад, зарбаҳои ҳавоиро ба ҷониби қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ, ки дар минтақаи Бобул-Азизия ҳаст, тақвият бахшад,- менависанд расонаҳои хабарӣ