Додгоҳ 126 ҷонибдори Мурсиро 10 солӣ аз озодӣ маҳрум кард
Додгоҳи Миср 126 ҷонибдори президенти барканоршуда - Муҳаммад Мурсиро дар ҳамла ба пулис ва хисорот ба моликияти давлат муҷрим шинохта, ҳар кадомеро 10 солӣ равонаи зиндон кардааст.
Бино ба хабари CBC, ин ҳукм аз силсилаи ҳукмҳоест, ки дар пайи онҳо садҳо ҷонибдори Мурсӣ пушти панҷара рафта ва ё ба марг маҳкум шуданд: “Баъзе аз ин ҳукмҳо ҳамагӣ баъди чанд баррасӣ эълон гардидааст”.
Охирҳои моҳи гузашта, додгоҳи Миср 683 ҷонибдори Муҳаммад Мурсиро ба марг маҳкум карда буд. Дар моҳи март бошад, 529 тани дигар ба марг маҳкум шуданд, ки ахиран судя ҳукми эъдоми 37 нафарашонро бетағир гузошта, ҳукми боқимондаҳо ба ҳабси абад иваз кард.