Тоҳир Муминов: “Вахш” ба мушкили ҷиддии молӣ дучор шудааст
Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа гуфтааст, клуб дар пайи мушкили ҷиддии молӣ дар ҳоли барҳам хурдан аст.
Тавре торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, ҷаноби Муминов ин нуктаро пас аз бохт аз тими “Хайр”-и Ваҳдат иброз доштааст. Ин дидор дар доираи даври 5-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд ва “Вахш” бо ҳисоби 0:2 шикаст хурд.
Сармураббии “Вахш” гуфта, ки агар вазъ тағйир наёбад, шояд клуб аз идомаи сабқати футболи Тоҷикистон даст бикашад. “Мо мушкили ҷиддӣ дорем. Панҷ рӯзи охир умуман тамрин накардем. Бачаҳо аз бозӣ даст кашиданӣ буданд, аммо онҳоро мутмаин сохтаву ҷамъ овардем. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаро бо роҳкиро ва ғизо таъмин намуд, то бозӣ бо “Хайр”, ки дар варзишгоҳи таъмиршудаи Ваҳдат баргузор шуд, доир бигардад. Фаъолияти минбаъдаи даста зери суол аст. На сарпарастон ва на ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Қӯрғонтеппа таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар панҷ моҳ танҳо як маротиба маош гирифтем. Вазъи даста дар вазъи хеле бад аст”,-гуфтааст Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа.