АКС: Интиқоли Шаҳбол ба Хуҷанд, баъд аз ҷарроҳӣ дар Русия
Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки барои ҷарроҳӣ ба яке аз бемористонҳои ҳарбии Русия рафта буд, субҳи якшанбе (18 май) тавассути ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба Хуҷанд омад. Ӯро дар фурудгоҳ хабарнигорон ва наздиконаш истиқбол гирифтанд.
Муҳаммади Эгамзод, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия, гуфт, онҳо тамоми харҷи сафари Шаҳбол ва падару бародарашро пардохта, ҳамчунин барои идомаи табобати ӯ дар Хуҷанд як миқдор кумак намудаанд. Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол гуфт, табобати писараш дар бемористони Хуҷанд идома меёбад.
Қабл аз ин, табибони бемористони ҳарбии Красногорски Русия гуфта буданд, бо вуҷуди ҳолати вазнини Шаҳбол Мирзоев -- сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ӯро ҷавоб медиҳанд. Яке аз табибони ин бемористон дар суҳбат ба “Озодагон” вазъи ӯро вазнини муътадил арзёбӣ карда, афзуда буд, ба далели набудани имконияти молӣ табобати ин сарбоз дар бемористони Русия қатъ мегардад.
“Феълан ҳатто нисфи маблағи корҳои анҷомдодаамон барои табобати Шаҳбол пардохт нашудаанд. Мо бе ин ҳам гузаштҳои зиёд кардем. Агарчӣ вазъияти Шаҳбол вазнин аст, наметавонем табобаташро идома диҳем, чун маблағи табобати ӯ пардохт намегардад. Зиёда аз ин, ӯ шаҳрванди хориҷӣ аст. Барои табобати Шаҳбол вақт ва маблағ даркор аст. Ҳадди ақалл ду моҳ бояд бо антибиотикҳои сахттаъсир табобат гирад. Нархи ҳар як антибиотик 2 ҳазор рубл аст...”,-афзуда буд мусоҳиби мо.
Шаҳбол Мирзоеви-23 сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорски Русия интиқол ёфт. Ҷарроҳии нахустини ӯ рӯзи 5 май дар ин бемористони низомӣ сурат гирифта, беш аз 5 соат идома дошт. Баъд аз ин ҷарроҳӣ нафаскашии Шаҳбол вазнин шуда, ба далели зуҳури пиневмания табибон ӯро дубора ҷарроҳӣ карданд. Падараш аз қавли табибон мегӯяд, пиневмания ба далели зиёд хоб рафтан дар беморхонаи Душанбе пайдо шудааст.