Ҳаводиси Украина: Мавқеи Русия мавқеи мост?
Дар пасманзари ҳодисаҳои Украина коршиносон аз эҳтимоли ҳамагуна дахолати Русия ба умури дохилии кишварҳои пасошуравӣ тахмин мезананд. Таҳлилгарон мегӯянд Русия дар ҳоли ҳозир барои нигоҳ доштани нуфузаш, ки оҳиста аз даст медиҳад, ба ҳама кор омода аст.
Аммо гурӯҳе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳоло фурсате мебошад, ки Тоҷикистон ба унвони шарики стратегӣ бояд бештар аз мавқеъгирии Русия пуштибонӣ бикунад. Исмоил Раҳматов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Русия барои такрори ҳаводиси Украина дар Тоҷикистон ҳеч сабабе надошта, ин гуна фарзияҳо сафсатае беш нестанд. Номбурда бо ишора ба дастгирии рӯҳонии саршинос-Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз мавқеъгирии Русия гуфт, ки бовар надорад, Русия дар кадом ҳолате суйистифода аз қудрати худ бикунад.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯзе қабл рӯҳонии саршинос, Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯбати худ бо расонаҳо ишора бар он дошт, ки зидди бо зӯроварӣ сарнагун кардани ҳукуматҳо буда, Тоҷикистон дар қиболи ҳаводиси Украина бояд ошкоро мавқеъгирӣ кунад.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва сиёсатмадори тоҷик, дар суҳбат бо бахши русии Би-би-сӣ зидди табадуллот ва сарнагун кардани ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ дар Украина баромад карда, аз тасмимгирии Русия дар мавриди Қрим ҳимоят намудааст. Ӯ гуфтааст, “асосан зидди табаддулот, зидди сарнагунии ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам.”
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, хонаводаи онҳо сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украинаро ғайриқонунӣ медонанд: “Ба ҳамин хотир, ман тасмимгирии Русия алайҳи Украинаро ҷонибдорӣ мекунам. Бо ин ҳол, Ғарб иддаогари волоияти қонун, дар мавриди Украина Сарқонуни ин кишварро нодида гирифт. Албатта, бояд гуфт, ман ҷонибдори худи Янукович ё низоми ӯ нестам, вале мутмаин ҳастам, ки инҷо мухолифони украинӣ ба хатогӣ роҳ доданд. Агар онҳо то давраи поён ёфтани раёсати Янукович сабр мекарданд, ба ин ҳадафи худ бидуни хунрезӣ мерасиданд. Дар интихоботи оянда онҳо ғолиб мебаромаданд.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи гурӯҳи дигари коршиносон Русия бо дахолати худ ба умури дохилии Украина исбот намуд, ки барои нигоҳдории қудрати худ барои ҳамагуна кор омода ва қодир аст.
Олег Панфилов, таҳлилгари масоили байналмиллӣ мегӯяд, ки баъди ҳаводиси Украина баъид аст, ки нерӯи Русия барои дахолат ба вазъияти дигар кишварҳои узви ИДМ кофӣ бошад. Ба гуфтаи номбурда Русия бештар аз интизориҳои худ пойбанди ҳаводиси Украина гардид: “Ба назари ман Русия ниёзе барои дахолат ба вазъи дигар давлатҳои узви ИДМ-ро надорад. Фарз кардем барои Тоҷикистон. Нахуст, дар Тоҷикистон Пойгоҳи низомии 201-и русҳо мустақар аст, ки ин дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 фаъолона ширкат дошт. Дуввум, таблиғоти мавқеъгирӣ ва амалҳои Русия хеле устувор аст. Ва мутаассифона аксари аҳолӣ ба Русия бовар доранд .”
Олег Панфилов мегӯяд, ки барои Русия нигоҳ доштани майдадавлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чандони муҳим ва ҳатмӣ нест, масъала дар он аст, ки то куҷо ин майда давлатҳо ҳозиранд то Русияро раҳо кунанд: “ Ин давлатҳо барои “шинои мустақилона” ва ташкили сиёсати устувор шояд омода нестанд. Мутаассифона ба Русия бештар майдадавлатҳои камбизоате чун- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон вобастгӣ доранд. Онҳо ба Русия нерӯи кории худро бо камтарин арзиш мефиристанд.”
Аммо онҳое, ки нисбати сиёсати Русия бадбин ҳастанд, воқеоти солҳои 92-97 дар Тоҷикистонро мисол меоранд, ки Русия дар он нақши рӯшан дошт. Бояд гуфт, ки аксари коршиносон аз мавқеи Русия пуштибонӣ мекунанд ва ба андешаи эшон Тоҷикистон барин кишварҳои хурд бояд такягоҳе аз абарқудратон дошта бошанд ва Русияро дар ин ҳол аз ҳама бартар меҳисобанд.
Теъдоди андаки таҳлилгарони тоҷик амали Русия нисбат ба Украинаро як навъ таҷовуз шуморида, маҳкум менамоянд. Ин гурӯҳ муътақиданд, ки Тоҷикистонро зарур аст, то худро аз сояи Русия ҳарчи зудтар берун кашад.
“Озодагон”