Ҳушдори ХБА аз хатарҳои нав ба иқтисоди Тоҷикистон
Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) мегӯяд, майли феълии коҳиш дар иқтисодиёти Русия ба Тоҷикистону Қирғизистон низ таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳлилгарони ХБА дар гузориши ҷадиди худ, “Дурнамои рушди иқтисоди минтақаӣ” аз хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз ҳушдор дода, сабаби аслии ин хатарро рушд наёфтани иқтисодиёти Русия арзёбӣ кардаанд: “Дар ин муддат эҳтимол интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ва Қирғизистону Арманистон коҳиш ёфта, сармоягузории барномаҳо дар Тоҷикистон низ коста гардад.”
Бино бар пешгӯйии коршиносони байналмилалӣ рушди воқеии ММД дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ то 6,2% ва дар соли 2015 метавонад то 5,7 % коҳиш биёбад. Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли 2014 -5,4 % ва дар соли 2015 метавонад -5,9 дарсадро ташкил бидиҳад. Моҳи октябри соли сипаришуда ХБА рушди воқеии ММД дар Тоҷикистонро ҳудуди 6,7% пешгӯйи карда буд.
Коршиносони ин ниҳоди байналмилалӣ ҳадс мезаданд, ки соли 2014 мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 7,5 % баробар мешавад.